МИНИСТЕРСТВО ЗДРАВООХРАНЕНИЯ И СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЫ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Государственное учреждение "Республиканский научный центр крови"

Нақшаи нави вазорат оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид

Нақшаи нави вазорат оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид

13 майи  соли 2019 дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси назоратии назди муовини якуми вазир Саида Умарзода баргузор гардид, ки дар он  сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила Набиев Зоир, директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ» Малахов Маҳмадраҳим, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Парвина Мухторова, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” Бандаев Илҳом, дирекори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи профессор М.Г.Ғуломов» Давлатов. Д. ва сардори Шӯъбаи ҳуқуқи вазорат Рабиев Ш. иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси назоратиро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки бо мақсади иҷрои қонуни мазкур Нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 таҳия ва тасдиқ гардида, ба ҳамаи муассисаҳои зерсохтори вазорат равон карда шудааст.

Роҳбарони муассисаҳои зерсохтори вазорат низ оид ба рафти иҷрои қонуни мазкур бо маърузаҳои худ ба иштирокчиён маълумоти мушаххас  пешниҳод намуданд.

Гуфта шуд, ки дар тамоми муассисаҳои зерсохтори вазорат нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи он дар муҳлати муайянгардида фаъолият ба роҳ монда шудааст.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Партнеры