МИНИСТЕРСТВО ЗДРАВООХРАНЕНИЯ И СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЫ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Государственное учреждение "Республиканский научный центр крови"

О центре

Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии тиббӣ то солҳои 30-юми асри гузашта дар ҳолати хеле паст қарор дошт. Масъалаҳои тиббӣ трансфузионӣ фақат бо рагзанӣ ҳамчун воситаи ягонаи муолиҷаи ҳамаи бемориҳо маҳдуд мегардид. Ба хунгузаронии донорӣ ҳамчун воситаи муолиҷавӣ касе машғул намегардид. Соли 1935 бо фармони Комиссариати Халқии РСС Тоҷикистон филиали Донишкадаи марказии хунгузаронӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Солҳои 70–90-уми асри гузашта Стансияи хунгузаронии ҷумҳуриявӣ корҳои зиёдеро оиди ташкил намудани марказҳои хун ва шўъбаҳои хунгузаронӣ, ҷиҳозонидани шўъбаҳоро ба сомон расонидааст. Инчунин назорати шўъбаҳои хунгузаронӣ, ташкил намудани курсҳо ва семинарҳо дар мавзўъҳое, ки пояи асосии тиббӣ трансфузиониро дар бар мегирифт, курсҳои дарозмуддат ташкил карда шуда буд. Ба душвориҳои соли ҷанги шаҳрвандӣ (1990-1997) нигоҳ накарда кормандони хадамоти хун сохтори худро нигоҳ дошта, роҳи пешравиро меандешиданд. Соли 1996 дар асоси фармони Вазорати тандурустӣ Стансияи Хунгузаронӣ, ба «Маркази ҷумҳуриявии илмию истеҳсолии трансфузиологӣ номгузорӣ карда шуд».

 

Такмили хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 2003 бо фармони Вазорати тандурустӣ «Маркази ҷумҳуриявии илмию истеҳсолии трансфузиология» ба «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» номгузори карда шуд. Дар давоми 10 соли охири истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 5 барномаҳои давлатӣ, бо мақсади такмил додани заминаи моддию техникии хадамоти хуни Ҷумҳурӣ ташкил ва ҷорӣ карда шудааст.

Трансфузиологияи пешрафта - ин пеш аз ҳама бехатарии хун ва ҷузъҳои он мебошад. Бо ин мақсад тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-майи соли 2013 таҳти № 215 оиди мутамарказонидан, бо мақсади таъмин намудани дастрасӣ, бехатарии сифатӣ хун ва ҷузъҳои он ба аҳолӣ, инчунин ҷавобгў будани онҳо ба стандартҳое, ки аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) қабул гардидааст, Марказҳои хуни вилоятҳои Хатлон ва Суғд бо гузариш ба маблағгузории ҷумҳуриявӣ ба филиалҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хун табдил дода шудааст.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Партнеры